Посухи мушакии Эрон ба саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди душанбе аз ҳадаф қарор додани мақари саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз дар шарқи Фурот, тавассути ягони мушакии нерӯи ҳаво-фазои сипоҳ хабар дод.
Дар ин ҳамлаи мушакӣ нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорон бо чанд адад мушаки баллистики замин ба замин аз Кирмоншоҳ, мақари саркардагони террористҳо дар кишвари Сурия (минтақаи Албӯкамол дар шарқи Фурот) - ро ҳадаф қарор дод.
Афроди гурӯҳҳои такфирии “Алаҳвозия” ва ДИИШ, ки мавриди ҳимояти Лондон ва Риёз ҳастанд, рӯзи шанбеи 31 – уми шаҳривармоҳ (22 –юми сентябр) бо ҳамлаи террористӣ ба режа (парад) -и Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз, ки ба муносибати гиромидошти ҳафтаи Дифои Муқаддас баргузор мешуд, 25 нафарро шаҳид ва даҳҳо танро захмӣ карданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори охири ҷамъе аз варзишкорони медаловар ва ғурурофарини Эрон дар бозиҳои осиёии 2018 –и Индонезия, бо ишора ба ҳодисаи террористии рӯзи шанбе дар Аҳвоз гуфтанд; Ин кори буздилона кори ҳамон афроде аст, ки ҳар ҷо дар Сурия ва Ироқ гирифтор мешаванд, амрикоиҳо наҷоташон медиҳанд ва дасташон дар ҷайби Саудӣ ва Имороти арабӣ аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Мутмаинан гӯшмоли сахте ба авомили ҳодисаи талхи Аҳвоз хоҳем дод.
Ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Аҳвоз дар шароите, ки ДИИШ ва гурӯҳҳои террористии такфирӣ заработи сангинеро дар Ироқ ва Сурия мутаҳаммил шудаанд, аҳдофи ҳомиёни террористҳо ва таҳаррукоти онҳо алайҳи Эронро ошкор сохт. Яке аз аҳдофи роҳбурдии Амрико алайҳи Эрон ба чолиш кашондани Эрон дар муқобили таҳдидҳои террористӣ ва амниятӣ аст.
Муттаҳидони минтақаии Амрико, ки собиқаи ҳимоят аз Алқоида, Толибон, Саддом ва ифротгароёнро дар корнома доранд, акнун бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ба дунболи ноамн кардани Эрон ҳастанд. Нақши Арабистони Саудӣ дар ин замина комилан ошкор ва ҳамсӯ бо аҳдофи Амрико ва Исроил дар минтақа аст.
Нашрияи англиси “Индепендент” чанде қабл гузориш дод: ".... иртиботи равшане миёни созмонҳои мураввиҷи хушунат ва таъмини моли онҳо аз сӯйи Арабистон вуҷуд дорад”.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи Си Эн Эн бо ишора ба нақши мухарриби Арабистон дар ноамн кардани минтақа гуфт: “Шоҳид ҳастем, ки Арабистони Саудӣ амалан пардохти дастмузди бештар ба ин гурӯҳҳоро ба анҷоми ҳамла ба Эрон машрут кардаанд. Валиаҳди Арабистони Саудӣ якуним сол пеш ошкоро эълом кард, ки онҳо ҷангро ба дохили Эрон мекашонанд”.
Тарроҳони ин проект аммо бояд бидонанд, ки Эрон ба ин ҷинояту бадкориҳо посухе маҳкам ва хурдкунанда медиҳад ва ҳамаи афродеро, ки ба дунболи моҷароҷӯӣ ва ноамн кардани Эрон ҳастанд, пушаймон хоҳад кард. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ яксол пеш низ дар посух ба ҳамлаи террористии афроди ДИИШ дар Теҳрон, бо 6 адад мушак мақари онҳоро дар Дайруззӯр ҳадаф қарор доду нишон дод, ки шароратҳо аносири террористиро муҳкам ва кӯбанда посух хоҳад дод. Ҳамлаи мушакии бомдоди имрӯзи Сипоҳи посдрони инқилоби исломӣ ба мақари саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз дар шарқи Фурот низ дар ҳамин росто анҷом шуд.