Октябр 01, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Мавзеи Аврупо, таъмини манофеи Эрон дар ростои БАРҶОМ аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз наздик шудани мавозеи Эрон ва Аврупо дар хусуси таъмини манофеи Ҷумҳурии исломӣ пас аз канорагирии Амрико аз БАРҶОМ хабар дод.

Баҳроми Қосимӣ, рӯзи душанбе тайи як нишасти хабарӣ дар бораи тавофуқи Эрон ва Аврупо барои идомаи ҳамкориҳо дар чорчӯби БАРҶОМ, афзуд, пас аз омаду шудҳои бисёр ва мабоҳиси зиёд, аз ҷумла нишасти Ню-Йорк байни вазирони умури хориҷаи Эрон ва 4+1, қарор шуд, ҳамкориҳо дар шароити ҷадид идома ёбад.

Вай тасреҳ кард, ба далели инки Амрико барои кишварҳое, ки бо Эрон ҳамкории иқтисодӣ доранд, маҳдудияти эҷод мекунад ва дар ростои масолеҳи миллӣ, музокироти Эрон ва Иттиҳоди Аврупо ва созу кори тарроҳӣ шуда, ошкор намешавад ва нахоҳад шуд.

Қосимӣ ҳамчунин дар бораи изҳороти Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон мабни бар тавофуқи нефтии ҷадид бо Аврупо, гуфт, қатъан баҳси нефт дар баробари ғизо ё ҳар таъбири дигаре назири ин дуруст нест ва Эрон дар садади ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Чин ва Русия дар ростои БАРҶОМ аст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи “Твитт”-и Зариф ҳам гуфт, агар ба ҳар далеле Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикон тазмини лозим ва мавриди ниёзи Эронро ироа накунанд, ин мавзӯъ метавонад дар тасмими Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсиргузор бошад.

 

Барчасп