Се моҳвораи эронӣ омодаи партоб ба фазо
Раиси Созмони фазоии Эрон эълом кард, се моҳвораи эронӣ ба номҳои «Паёми Амир Кабир», «Дӯстӣ» ва «Ноҳиди 1», омодаи партоб ба фазо ҳастанд.
Муртазо Барорӣ, бо баёни инки ин моҳвораҳо то поёни сол ҷорӣ дар мадори замин қарор мегиранд, гуфт, Эрон дорандаи мақоми нахусти фанновари фазоӣ дар минтақаи ғарби Осиё ва нӯҳумин кишвар дар ҷаҳон аст, ки ба чархаи комили фанноварии фазоӣ даст ёфтааст.
Барорӣ бо таъкид бар инки Эрон барои равнақи иқтисоди фазоии худ талош мекунад, афзуд, Эрон мусаммам ба фиристодани моҳвораи тиҷорӣ ба фазо барои истифода аз додаҳои он, барои санъат хоҳад буд.
Бар асоси қатъномае, ки дар соли 1999 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасвиб шуд, ҳар сол аз 4 то 10 октябр ҳафтаи ҷаҳонии фазо номида мешавад.