Зарурати расонидани паёми сиёсии ҳаҷ ба дунёи Ислом
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз масъулон ва дастандаркорони ҳаҷ, бар расонидани паёмҳои сиёсии ҳаҷ ба дунёи Ислом таъкид карданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармони Худованди мутаол барои ҷамъ шудани мусулмонон дар як замон ва макони хос, ба манзури анҷоми фаризаи ҳаҷро ҳомили паёмҳои сиёсии муҳиме ҳамчун «зарурати иртибот ва ҳамафзоии мусулмонон» ва «нишон додани қудрати уммати исломӣ» донистанд ва таъкид карданд: Илова бар ҷанбаи маънавии ҳаҷ, ки бисёр муҳим аст, бояд ин ҳақоиқ ва аҳдофи исломӣ низ барҷаста ва барои онҳо барномарезӣ ва иқдом шавад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ «иртибот бо ҳамаи уммати исломӣ дар ҳаҷ», «расонидани паёми инқилоби исломӣ ба зоирон ва задудани шубаҳоту ибҳомоти онҳо», «заминасозӣ барои эҷод ё тақвияти иртибототи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дигар кишварҳои исломӣ» ва «ҳамзистии бародарона бо фирқаҳои исломӣ» - ро аз ҷумлаи паёмҳои сиёсӣ ва лозим барои ҷаҳони Ислом дар айёми ҳаҷ хонданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин аз тахриби густурдаи осори исломие монанди осори мансуб ба Паёмбари акрам (с), ҳазрати Алӣ (а), хулафо ва муҷоҳидони садри Ислом ба баҳонаи тавсеаи ҳаҷ ба шиддат интиқод карданд ва гуфтанд: Дар ҳоле, ки кишварҳои мухталиф аз осори таърихии худ бо диққат муҳофизат ва ҳатто гоҳе барои пурбор нишон додани таърих ва гузаштаашон осореро ҷаъл (сохтакорӣ) мекунанд, то кунун осори исломии зиёде дар Макка ва Мадина тахриб шудааст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон ва дастгоҳҳои марбутро ба ибтикор ва тамос бо масъулони ҳаҷ дар дигар кишварҳои исломӣ барои ҷилавгирӣ аз тахриби осори исломӣ муваззаф карданд.