Пирӯзии ҳуқуқии Эрон бар Амрико дар Лоҳа
Октябр 03, 2018 14:09 Asia/Dushanbe
Девони байналмилалии додгустарии Лоҳа салоҳияти расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрикоро пазируфт.
Ба нақл аз Алмаёдин, Девони байналмилалии додгустарӣ шикояти Эрон алайҳи Амрикоро дар бораи бозгардонда шудани таҳримҳо пазируфт.
Пас аз баррасиҳо, қозиёни Девони Лоҳа соате пеш эълом карданд, салоҳияти расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрико ба сабаби нақзи аҳдномаи маваддат ва равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулии соли 1955 байни ду кишварро доранд.
Рейтерс гузориш дод: Девони байналмилалии додгустарӣ ба Амрико дастур дод, тазмин диҳад, таҳримҳо бар кумаки башардӯстона ба Эрон таъсир намегузорад ва ҳамлу нақли ҳавоии ғайринизомии Эронро ба хатар намеандозад.