Октябр 04, 2018 16:27 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Шикасти таҳримҳо, шикасти Амрико аст

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд, ҷавонон ва миллати бузурги Эрон бо ноком гузоштани охирин ҳарба (силоҳ)-и боқимондаи душман, яъне таҳрим, силии дигаре ба Амрико хоҳанд зад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи рӯзи панҷшанбе дар иҷтимои азими басиҷиён дар варзишгоҳи 100 ҳазорнафарии Озодии Теҳрон, бо баёни инки амрикоиҳо бо тасаввуроти беасос дар садади тасвирсозии комилан воруна аз қудрати худ ва авзои Эрон ҳастанд, афзуданд, иқтисоди миллии кишвар метавонад, таҳримро шикаст диҳад ва ба ҳавлуқувваи илоҳӣ, таҳримҳоро шикаст хоҳем дод.

Эшон афзуданд, шикасти таҳрим ба маънои шикасти Амрико аст ва Амрико бояд бо ин шикаст, як силии дигар аз миллати Эрон бихӯрад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо ишора ба беобрӯ шудани «либерал демократия»-и Амрико ва ривоҷи интиқод аз он дар дунё, гуфтанд, ба ҳамин далел аст, ки Амрико бо вуҷуди қудрати атомӣ ва технологии пешрафта ва тавоноиҳои молии фаровон, дар бисёре аз манотиқ ҳамчун Ироқ, Сурия, Лубнон, Покистон ва Афғонистон шикаст хӯрд ва шикастҳои дигаре ҳам дар интизори Амрико аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, наҷоти Эрон аз султаи золимонаи Англия ва Амрикоро барои исботи иқтидори Ҷумҳурии исломӣ, кофӣ донистанд ва афзуданд, шикастнопазирии миллати Эрон аз баракати Исломи азиз аст ва ин шикастнопазириро метавон дар пирӯзии ин миллати бузург дар инқилоби исломӣ ва дифои муқаддас ва низ истодагӣ дар муқобили ҳама тавтеаҳои 40 сол ахир мушоҳида кард.

Эшон хушхаёлиҳои раисиҷумҳури Амрикоро натиҷаи нишнохтани инқилоби исломӣ ва миллати Эрон ва рӯҳияи имонӣ ва инқилобии ин миллат донистанд ва таъкид карданд, ин таҳлили ғалат, мӯҷиби гумроҳии амрикоиҳо дар чиҳил соли гузашта шудааст, ки бояд Худовандро ба далели ин ки душманони миллати Эронро аз нодонон ва аблаҳҳон қарор додааст, шукргузор буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин гуфтанд, истиқрор ва суботи иҷтимоӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, пойбанди ба усул ва мабонии инқилоб идомаи ҳаракати пешрафти рӯ ба тавсеаи илмӣ, густариш ва таъмиқи фарҳанги инқилобӣ ва исломӣ, пешрафти дифоӣ, мушакӣ ва ҳузур дар минтақа, унсурҳои иқтидори Ҷумҳурии исломӣ аст ва душманон ба думболи зарба задан ба ин унсурҳои қудрат ҳастанд.