Октябр 04, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби васеи баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар расонаҳои арабӣ

Расонаҳои арабӣ баёноти имрӯз (панҷшанбе)-и ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳамоиши даҳҳо ҳазорнафарии басиҷиёнро бозтоб доданд ва ба нақл аз эшон навиштанд, мардуми Эрон бо шикастани таҳримҳо силии дигаре ба Амрико хоҳанд зад.

Шабакаи хабарии Ал Маёдин, зимни он ки суханони раҳбари муаззами Инқилоби исломиро ба сурати зинда пӯшиш дод, эълом кард, Оятуллоҳ Хоманаӣ тайи суханоне дар ин ҳамоиш гуфтанд, раҳбарони истикбори ҷаҳонӣ ва давлати золими Амрико чолишҳое бар мо таҳмил мекунанд, ки бояд бо он муқобила кард. Миллати Эрон таслим шуданро намепазирад ва ин мавзӯъ танҳо як шиор нест.

Ал Маёдин ба нақл аз раҳбари Инқилоби Исломӣ афзуд, тавонистем кишварамонро аз султаи истеъмори Амрико ва Англия берун биоварем ва ҳамчунин Эрон тавонист дар баробари тавтеаҳои душманон истодагӣ кунад ва монеи талошҳояшон барои таҷзияи он шавад.

Ин шабакаи хабарӣ ҳамчунин ба нақл аз ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ эълом кард, бояд аз ҳамачиз дар бораи душманон ва ҳари ҷабҳае, ки барои ҳамла ба Эрон дар он нуфуз кунанд, огоҳӣ дошта бошем. Амрико нисбат ба Инқилоби Исломӣ дар Эрон кинатузӣ мекунад, зеро силии бузурге ба он задааст.

Шабакаи хабарии Ал Манори Лубнон низ ба нақл аз раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эълом кард, иқтисоди милли мо таҳримҳоро шикаст хоҳад дод ва мардум силии дигаре ба Амрико мезанад. Амрико дар Лубнон, Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳо шикаст хӯрдааст ва шикастҳои дигаре дар интизори он аст.

Ал Манор ба нақл аз раҳбари Инқилоби Исломии Эрон афзуд, Ҷумҳурии исломӣ тавонист дар баробари ҷабҳаи бузург ва густурдаи истикбор биистад. Эрон дар тӯли 40 соли гузашта дар ҳамаи заминаҳо, ҷиҳод карда ва қишри ҷавони эронӣ матори пешбаранда дар ҳамаи мароҳил будааст.

Пойгоҳи хабарии қатрии «Ал Халиҷ ал Ҷадид» ҳам бо пӯшиши бахше аз баёноти раҳбари муаззами инқилоб навишт, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ҷамъи даҳҳо ҳазор тан аз нируҳои басиҷ ва сипоҳи посдорон дар Теҳрон гуфт, бидуни шак мо мушкилоте дар иқтисодамон, ки ба таври густурда вобаста ба нефт аст, дорем. Аммо бояд бо талош ва кор саъй кунем, ки бекорӣ ва фақрро аз байн бибарем.

Ал Халиҷ ал Ҷадед афзуд, раҳбари инқилоби исломӣ шахсиятҳои сиёсӣ ва тарафҳое, ки ба гуфтугӯ бо Амрико даъват мекунандро хоин номид ва гуфт, Амрико мехоҳад, мардуми Эронро ба зону дар биёварад ва таслим кунад, аммо ин иттифоқ ҳаргиз рух нахоҳад дод ва ҳар кас душмании Амрико бо моро инкор кунад, марди майдони пешрафти кишвар нест.

Шабакаи хабарии «Русия ал Явм» низ бо пӯшиши бахше аз суханони раҳбари инқилоби исломӣ навишт, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз дар суханоне гуфт, кишвараш ба сабаби таҳдидоти Амрико ва мушкилоти иқтисодӣ дар бурҳаи ҳассосе ба сар мебарад. Иқтисоди миллии Эрон таҳримҳои таҳмилиро шикаст хоҳад дод ва мардуми мо силии дигаре бар Амрико мезананд.