Тавсияи фармондеҳи аршади эронӣ ба Нетаняҳу: Шино дар Баҳри Миёназаминро тамрин кун!
(last modified Fri, 05 Oct 2018 14:13:33 GMT )
Октябр 05, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи фармондеҳи аршади эронӣ ба Нетаняҳу: Шино дар Баҳри Миёназаминро тамрин кун!

Фармондеҳи аршади эронӣ ба нахуствазири режими саҳюнистӣ тавсия кард, шино дар Баҳри Миёназаминро тамрин кунад, зеро ба кораш хоҳад омад!

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Олам, сардор Ҳусайни Саломӣ ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Исфаҳони Эрон гуфт: Режими саҳюнистӣ ҳеҷ як аз аносири як кишвар ва ҳукуматро дар ихтиёр надорад ва дар ҷойгоҳе нест, ки моро таҳдид кунад. Барои дарҳам печидани ин режим, Ҳизбуллоҳи Лубнон кофӣ аст.

Вай афзуд: Ба нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом мекунам, ки шино кардан дар Баҳри Миёназаминро тамрин кунад, чунки ба зудӣ ҳеҷ роҳе ҷуз ба дарё гурехтан надорад.

Сардор Саломӣ гуфт: Амрикоиҳо ҳар ончи андешиданд бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Онон мехостанд Ховари Миёнаи нав бисозанд ва муҳраҳои сиёсии худро бар сарзаминҳои исломӣ ҳоким кунанд, аммо ҳамаи ин орзуҳои онон фурӯ пошид.

Фармондеҳи аршади Сипоҳи посдорон гуфт: Амрико аз шикастҳои пай дар пай дарс ва аз таърих ибрат намегирд. Агар Амрико ба сиёсатҳои худ идома диҳад, ба гуфтаи Раҳбари муаззами инқилоб шикасти бузурги дигареро ба зудӣ ба он ворид хоҳем кард.