Кашфи бузургтарин маҳмулаи қочоқи героин пеш аз ирсол ба Аврупо
(last modified Sun, 07 Oct 2018 13:27:25 GMT )
Октябр 07, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Кашфи бузургтарин маҳмулаи қочоқи героин пеш аз ирсол ба Аврупо

Бузургтарин маҳмулаи қочоқи героин ба вазни ҳазору 75 килограмм тавассути маъмурони амниятии Эрон, пеш аз ирсол ба Аврупо кашф ва забт шуд.

Ин маҳмула, ки қарор буд, тавассути як банди байналмилалии қочоқи маводи мухаддир ба Аврупо транзит шавад, дар як иқдоми иттилоотӣ ва амалиётӣ ва дар ҳайни хуруҷ аз минтақаи марзии Бозаргони Эрон, муталошӣ шуд.

Дар ин амалиёт теъдоде аз қочоқчёни ин банд, ки маводи мухаддирро ба сурати моҳиронае дар колои содиротӣ ҷосозӣ карда буданд, дастгир шуданд.