Посухи вазири нафти Эрон ба иддаои валиаҳди Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38617
Вазири нафти Эрон ба изҳороти валиаҳди Арабистон, ки муддаӣ шуда буд, кишвараш метавонад ҷойи нафти Эронро дар бозори ҷаҳонӣ пур кунад, вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 09, 2018 11:14 Asia/Dushanbe
  • Посухи вазири нафти Эрон ба иддаои валиаҳди Арабистон

Вазири нафти Эрон ба изҳороти валиаҳди Арабистон, ки муддаӣ шуда буд, кишвараш метавонад ҷойи нафти Эронро дар бозори ҷаҳонӣ пур кунад, вокуниш нишон дод.

Ба гузориши ИРНА, Бежани Номдори Зангана гуфт, Арабистон ва ҳеҷ тавлидкунандае тавони ҷойгузинии нафти Эронро надоранд.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии “Блумберг” муддаӣ шуд, Арабистон ба ивази ҳар бушка нафте, ки ба тозагӣ аз саҳми Эрон кам шудааст, ду бушка нафт содир кардааст.

Вазири нафти Эрон афзуд, иддаои валиаҳди Арабистон натиҷаи фишори раиси ҷумҳурии Амрико аст ва чунин газофагӯиҳое мумкин аст Доналд Трампро розӣ кунад, аммо бозор ҳаргиз чунин иддаоҳоеро бовар намекунад.

 Номдори Зангана изҳор дошт, бозор ва афзоиши қимати нафт беҳтарин гувоҳ аст, ки бозор бо камбуд рӯбарӯ шуда ва ба дурустӣ нигарони камбуди шадиди нафт аст.

Вазири нафти Эрон афзуд, Арабистони Саудӣ он чӣ дар ин муддат ба бозори нафт арза карда, аз захоири пешини худ будааст.

Амрико бо хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаӣ бори дигар таҳримҳои худ зидди Эронро бозгардонда ва таҳдид кард, ҳар кишвареро, ки ба хариди нафт аз Эрон идома диҳад, таҳрим хоҳад кард.

Амрико то ноябр ба харидорони нафти Эрон фурсат додааст то хариди нафти худро аз Эрон ба сифр бирасонанд.

Баҳои нафт ин ҳафта ба 86 доллар дар ҳар бушка афзоиш ёфт.