Ҷилавгирӣ аз ҳузури духтари ҷудокори эронӣ дар олимпии ҷавонон ба далели ҳиҷоб
Октябр 10, 2018 12:08 Asia/Dushanbe
Масъулони баргузории рақобатҳои ҷудои олимпии ҷавонон дар Аргентина аз ҳузури духтари ҷудокори эронӣ дар мусобиқот ба далели доштани ҳиҷоби исломӣ ҷилавгирӣ карданд.
Ба гузориши ИРНА, дар идомаи севумин давраи бозиҳои олимпии соли 2018, ки дар шаҳри Буэнос Айрес, пойтахти Аргентина дар ҳоли баргузорӣ аст, Морол Мардонӣ, духтари ҷудокори эронӣ аз рақобат бо ҳарифи худ ба иллати доштани ҳиҷоб манъ шуд.
Тибқи барнома Морол Мардонӣ, духтари ҷудокори эронӣ шаби гузашта бояд дар вазни зери 78 килограм ба масофи ҳарифе аз ҷумҳурии Доминика мерафт, аммо масъулони баргузорӣ ба далели доштани ҳиҷоб, иҷозаи ҳузури вайро надоданд.