Октябр 10, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
  • Футболисти эронӣ беҳтарин ҳофбаки таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё

Алии Каримӣ, футболисти эронӣ бар асоси назари корбарони сайти Конфедератсияи футболи Осиё AFC ба унвони беҳтарин ҳофбаки таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё интихоб шуд.  

Сайти Конфедератсияи футболи Осиё дар остонаи Ҷоми миллатҳои футболи 2019 ин қора, номзадҳои беҳтарин ҳофбаки таърихи Ҷоми миллатҳои Осиёро эълом кард ва аз корбарони интернетӣ хост, то бартарин ҳофбаки таърихи ин рақобатро интихоб кунанд, ки дар ниҳоят Алии Каримӣ, ҳофбаки пешини тими миллии Эрон ва бошгоҳи Перспулис дар садри ин назарсанҷӣ қарор гирифт.  

Алии Доӣ, ситораи пешини тими миллии футболи Эрон ҳам чанд рӯз қабл унвони беҳтарин муҳоҷими таърихи Ҷоми миллатҳои Осиёро бо назари корбарон ба даст овард.

 

Барчасп