Як пирӯзии ҳуқуқии дигар барои Эрон дар баробари Амрико
Додгоҳи истинофи Рум дархости ҳудуди панҷ миллиард долларии амрикоиҳоро барои тавқифи амволи Бонки марказии Эрон рад кард.
Муҳсини Муҳибӣ, раиси маркази ҳуқуқи байналмилалии раёсатҷумҳурии Эрон гуфт: Додгоҳи Руми Италия дар июни 2018 сирфан бо дархости теъдоде шокии амрикоӣ ва бар асоси қавонини Италия, дастуре барои таъмини хоста содир карда ва ҳамаи амволи Бонки марказии Эронро муваққатан тавқиф карда буд, ки ин дастур лағв шуд.
Вай ҳамчунин дар бораи дувумин рӯзи додгоҳи расидагӣ ба шикояти Теҳрон аз Вашингтон дар нақзи аҳдномаи маваддат аз тариқи тасарруфи ғайриқонунии ду миллиард доллар аз дороиҳои Бонки марказии Эрон гуфт: Дифоиёти Амрико, ки Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм мекунад, мабнои қонунӣ надорад ва исбот нашудааст.