Тавсиаи ҳамкориҳои бандарӣ ва дарёии Эрон ва Ҳинд
(last modified Fri, 12 Oct 2018 15:46:36 GMT )
Октябр 12, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Тавсиаи ҳамкориҳои бандарӣ ва дарёии Эрон ва Ҳинд

Эрон ва Ҳинд роҳҳои тавсиаи ҳамкориҳои тахассусии бандарӣ ва дарёӣ ва сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳорро баррасӣ карданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Муҳаммади Ростод мудири омили Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон дар сафари дурӯза ба Ҳинд, бо муовини вазири киштиронӣ ва мудирони бандарҳои аслии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммади Ростод ва мудирони бандарҳои Ҳинд дар нишасти тахассусӣ, тавсиаи ҳамкориҳои бандарӣ ва дарёии миёни ду кишвар ва қарордоди муваққати оператори ширкати «IPGL»-и Ҳинд дар марҳалаи яки тарҳи тавсиаи терминали бандари Чобаҳорро баррасӣ карданд.

Ду тараф ҳамчунин дар бораи ниҳоисозии хариди таҷҳизоти бандар тавассути ширкати ҳиндӣ дар терминали континерии бандари Чобаҳор гуфтугӯ ва ба баргузории нахустин нишасти иҷрои мувофиқатномаи сеҷонибаи транзитии Чобаҳор бо ҳузури се кишвари Эрон, Ҳинд ва Афғонистон таъкид карданд.

Бандари Чобаҳор ба унвони яке аз бандарҳои муҳими Эрон ва дар бахши шимолии Баҳри Уммон қарор гирифтааст, ки ба иллати мавқеияти стратегӣ ва дастёбӣ ба обҳои озоди байналмилалӣ ҷойгоҳи вижае дар мубодилоти Эрон бо дигар кишварҳои минтақа дорад.

Ҳаҷми тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳинд дар соли 2017 беш аз 13 миллиарду 700 миллион доллар буд.