Октябр 13, 2018 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷойгоҳи сеюми бозиҳои Паросиёӣ

Корвони варзишии Эрон дар поёни шашумин рӯз аз бозиҳои Паросиёии Ҷакарта бо касби маҷмуи 136 медал, дар радаи севуми ҷадвал истод.

Ба гузориши ИРНА, варзишкорони Эрон рӯзи ҷумъа дар поёни шашумин рӯз аз бозиҳои Паросиёии Ҷакарта, дар ҳашт риштаи дави майдонӣ, вазнабардорӣ, тирандозӣ, шино, шатранҷ, голбол, баскетбол бо вилчер (аробаи маълулӣ) ва дучархасаворӣ ба масофи бартаринҳои Осиё рафтанд ва дар поён Эрон тавонист 10 тило, 10 нуқра ва 11 бронзи дигар касб кунад.

Варзишкорони эронӣ дар маҷмуи ин бозиҳо муваффақ шуданд нишони 51 тило, 42 нуқра ва 43 бронзро касб кунанд ва фақат бо ихтилофи як медали нуқра камтар нисбат ба Кореяи Ҷанубӣ, дар ҷойгоҳи сеюм қарор бигиранд.

Севумин давраи бозиҳои Паросиёии 2018 аз 6 то 13 октябр бо ҳузури 2 ҳазору 880 варзишкор аз 41 кишвар, дар 18 риштаи варзишӣ, ба мизбонии Ҷакарта, пойтахти Индонезия баргузор шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 209 варзишкор ва дар 13 риштаи варзишӣ дар севумин давраи бозиҳои Паросиёии 2018 – и Ҷакарта ҳузур ёфтааст.

 

Барчасп