Октябр 14, 2018 16:04 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Амрико бо зери по гузоштани тааҳҳудҳои байналмилалӣ дучори шикаст шудааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Амрико аз назари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ва зери по гузоштани тааҳҳудоти байналмилалӣ дучори шикаст шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маросими оғози соли таҳсилии ҷадиди донишгоҳҳои Эрон, бо ташреҳи аҳдофи гардонандагони Кохи Сафед зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Амрикоиҳо бо ҳадафи ниҳоии машрӯъиятзудоӣ аз низоми исломӣ, ибтидо бо ҷанги равонӣ шурӯъ карданд ва дар идома вориди ҷанги иқтисодӣ бо Эрон шуданд.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон аз ҳамаи тавтеаҳои душманон бо ваҳдат, иттиҳод ва якпорчагӣ убур хоҳад кард, гуфт: Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико талош кард аз Шӯрои амният ба раёсати худ барои зарба задан ба Эрон ва таъйиди сиёсатҳояш зидди Ҷумҳурии исломӣ истифода кунад, аммо тамоми 14 узви дигар дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид аз БАРҶОМ истиқбол карданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки дар таърихи Амрико, давлати кинаварзтар аз тими феълии Кохи Сафед нисбат ба низоми Ҷумҳурии исломӣ набудааст, тасреҳ кард: Раиси ҷумҳурии Амирико бар хилофи мусавваботи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, аз як тавофуқномаи чандҷонибаи байналамилалӣ (БАРҶОМ), бедалел хориҷ шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Аз лиҳози сиёсати хориҷӣ, қатъан Эрон пирӯзи ин моҷарост ва ҳеҷ кас дар ин масъала тардид надорад ва ҳама медонанд Амрико аз лиҳози ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва зери по гузоштани тааҳҳудҳои байналмилалӣ ҳатман дучори шикаст шудааст.

Маросими расмии оғози соли таҳсили ҷадиди донишгоҳҳо ва муассисаҳои омӯзиши олии Эрон рӯзи якшанбе бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳурӣ вазирони улум, таҳқиқот ва фановарӣ ва беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, баъзе раисони донишгоҳҳо ва мудирони аршади омӯзиши олӣ дар толори Аллома Аминии Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд.

 

Барчасп