Сармақолаи муштараки рӯзномаҳои Эрон хитоб ба рӯзноманигорони ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38751-Сармақолаи_муштараки_рӯзномаҳои_Эрон_хитоб_ба_рӯзноманигорони_ҷаҳон
Чандин рӯзномаи эронӣ, матнеро бо унвони “Дифоъ аз озодӣ” ба унвони сармақолаи муштараки имрӯзи худ мунташир карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 15, 2018 11:31 Asia/Dushanbe
  • Сармақолаи муштараки рӯзномаҳои Эрон хитоб ба рӯзноманигорони ҷаҳон

Чандин рӯзномаи эронӣ, матнеро бо унвони “Дифоъ аз озодӣ” ба унвони сармақолаи муштараки имрӯзи худ мунташир карданд.

Рӯзномаҳои Иттилоот, Эрон, Ҳамшаҳрӣ, Шаҳрванд, Созандагӣ, Ибтикор, Фурсати имрӯз ва Баҳор дар ин сармақолаи муштарак, бо таъкид бар лузуми таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба паёмадҳои хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ эълом карданд: Хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, як рафтори ғайридипломатӣ ва ғайриахлоқӣ ва эъмоли таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эрон кунише мутахосимона, боварнопазир ва дар тазодд бо қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милал аст.  

Сармақола меафзояд: “Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико илова бар таҳрими миллати Эрон, миллатҳои дигарро дар сурати муомила ва мубодила бо Эрон, таҳдид ба муҷозот карда, ки ин иқдом салби ҳаққи озодии баҳраманд аз муомила ва мубодила аст.

Рӯзноманигорони эронӣ ҳамчунин дар сармақолаи муштаракшон бо ишора раъйи Девони байналмилалии додгустарӣ ба нафъи Эрон тасреҳ карданд: Ҳокимони Кохи Сафед ба ҷои тан додан ба ҳақ, қозиён ва мақомоти ин девонро таҳдид ба таҳрим мекунанд.  

Дар идомаи сармақолаҳои муштарак омадааст: Ҳамонтавр, ки мардуми ҷаҳон, аз фавоиди бешумори андешаи ҳакимон ва дониши донишмандони бузурги эронӣ ҳамчун Буалӣ Сино, Хоразмӣ, Хайём, Розӣ, Саъдӣ ва Мавлоно баҳра мебаранд, имрӯз ҳаққи баҳрамандӣ аз мавоҳиби дониши башарӣ барои мардуми Эрон, монанди дигар милали ҷаҳон, маҳфуз аст ва ҳеҷ давлате ҳақ надорад, ба баҳонае воҳӣ ин ҳақро аз миллати Эрон салб кунад.