Террористҳо чанд марзбони эрониро рабуданд
(last modified 2018-10-16T10:44:18+00:00 )
Октябр 16, 2018 15:44 Asia/Dushanbe
  • Террористҳо чанд марзбони эрониро рабуданд

Қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе аз рабуда шудани теъдоде аз басиҷиёни бумӣ ва марзбонон дар нуқтаи сифри марзӣ, дар ҷануби шарқи Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, равобити умумии қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин иттилоия эълом кард: Шомгоҳи душанбе теъдоде аз басиҷиёни бумӣ ва нерӯҳои ҳанги марзӣ, ки дар пойгоҳи муроқибатӣ дар нуқтаи сифри марзии Мирҷова, дар устони Систон ва Балучистон истиқрор доштанд, бо хиёнат ва махфӣкории омил ё авомили нуфузии гурӯҳакҳои зиддиинқилоб рабуда шуданд.

Ин иттилоия хотирнишон кардааст, авомили гурӯҳакҳои террористӣ, ки аз тарафи сервисҳои бегона ҳидоят ва пуштибонӣ мешаванд, бо фиреб тамаъи авомили нуфузӣ, ин иқдомро дар нуқтаи сифри марзӣ ва рӯбарӯи яке аз посгоҳҳои марзии кишвари Покистон анҷом додаанд.

Қароргоҳи Қудси нерӯи заминии сипоҳ афзуд: Амалиёти таъқиби ашрор ва бадтинатон, террористҳо ва авомили нуфузии душман ва низ иқдомоти лозим барои озодсозии рабудашудагон бо ҷидият дар дастури кори нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Эрон, мустақар дар манотиқи марзӣ қарор гирифтааст.

Дар ин иттилоия ҳамчунин омадааст: Аз давлати Покистон интизор меравад бо ашрор ва террористҳое, ки дар ҷавори марзҳои онон лона кардаанд ва аз сӯйи бархе кишварҳои муртаҷеи бадхоҳ ва террористпарвари минтақа ҳимоят ва бакоргирӣ мешаванд, бархурди ҷиддӣ дошта бошад ва ба суръат барои озодӣ ва таҳвили марзбонон иқдом кунад.