Октябр 17, 2018 19:16 Asia/Dushanbe
  • Интишори маҷаллаи “Гуфтугӯи фарҳангии Эрон ва Осиёи Марказӣ”

Ройзани фарҳангии Эрон дар Қирғизистон аз интишори маҷаллаи “Гуфтугӯи фарҳангии Эрон ва Осиёи Марказӣ” хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Алии Ҳакимипур, ройзани фарҳангии ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон дар мизи гирди коршиносӣ дар шаҳри Бишкек гуфт: Ройзани фарҳангии Эрон ва Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон барои тақвияти сулҳ ва дӯстӣ дар минтақа маҷаллае бо номи маҷаллаи “Гуфтугӯи фарҳангии Эрон ва Осиёи Марказӣ” мунташир мекунанд.  

Вай гуфт: Аввалин нусхаи ин маҷалла дар ибтидои соли отӣ чоп мешавад ва пешниҳоди эҷоди чунин маҷаллаеро Адош Тактасунова, устоди улуми сиёсии Қирғизистон матраҳ кард.  

Ҳакимипур афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳангоми таъсис на танҳо кишварҳои исломӣ балки кулли ҷаҳонро ба гуфтугӯ даъват мекунад ва ибтикори Эрон барои гуфтугӯи тамаддунҳо дар Созмони милал низ бар ҳамин мабно буд.