Ҷузъиёти ҷадид аз амалиёти ба ҳалокат расондани тарроҳи ҳодисаи террористии ҷануби Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38831-Ҷузъиёти_ҷадид_аз_амалиёти_ба_ҳалокат_расондани_тарроҳи_ҳодисаи_террористии_ҷануби_Эрон
Сухангуи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таъкид кард, ки нерӯҳои муқовимат дар Ироқ ва Сурия дар амалиёти радёбӣ ва ҳалокати амири ДИИШ ва тарроҳи аслии амалиёти террористии Аҳвоз нақш доштанд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2018 14:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти ҷадид аз амалиёти ба ҳалокат расондани тарроҳи ҳодисаи террористии ҷануби Эрон

Сухангуи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таъкид кард, ки нерӯҳои муқовимат дар Ироқ ва Сурия дар амалиёти радёбӣ ва ҳалокати амири ДИИШ ва тарроҳи аслии амалиёти террористии Аҳвоз нақш доштанд.  

Генерал Рамазон Шариф, сухангуи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии эълом кард, ки нерӯҳои сипоҳ пас аз иҷрои амалиёти иттилоотӣ, террористҳоеро, ки дар амалиёти террористии Аҳвоз нақш доштанд, шиносоӣ карданд ва тавонистанд макони дақиқи тарроҳи аслии ин амалиётро, ки Абузаҳӣ номида мешуд, дар устони Диёлаи Ироқ шиносоӣ кунанд.

Вай афзуд: Ба кумаки табодули иттилоот бо нерӯҳои муқовимат дар Ироқ ва Сурия, Абузаҳӣ, амири ДИИШ дар устони Диёлаи Ироқ, ки тарроҳ ва барномарези аслии ҷинояти террористӣ дар Аҳвоз буд, ҳамроҳ бо чаҳор террористи дигар ба ҳалокат расид.