Октябр 18, 2018 21:23 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи Эрон аз кушта шудани шуморе аз мардуми Қрим

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз ҳодисаи кушта шудани шуморе аз шаҳрвандони Керч дар шибҳи ҷазираи Қрим, ибрози таассуф кард.

Ба гузориши идораи кулли дипломосии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ рӯзи панҷшанбе бо ибрози таассуфи амиқ аз ҳодисаи кушта шудани шуморе аз мардуми бегуноҳи Коллеҷи фаннии шаҳри Керч (Kerch) дар шибҳи ҷазираи Қрим бо бозмондагон ва хонаводаҳои доғдори ин ҳодисаи талху ғамангез ибрози ҳамдардӣ кард.

Ҷавони 22 сола рӯзи чаҳоршанбе бо партопи чанд бомб дастсоз ва шиллики гулӯла 19 нафар аз ҳунарҷӯёни Коллеҷи фаннии шаҳри Керч дар ҷумҳурии Қримро ба қатл расонд.

Шаҳри Керч аз шаҳрҳои муҳимми шибҳи ҷазираи Қрим аст, ки дар соҳили шарқи он қарор гирифтааст.