Октябр 21, 2018 10:51 Asia/Dushanbe
  • Баҳроми Қосимӣ: Иддаои дахолати Эрон дар интихоботи Амрико навъе «таваҳҳуми ношинохта» аст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шанбешаб талошҳои Вашингтон барои нисбат додани дахолат ва таъсиргузорӣ дар интихоботи Конгресси Амрико ба Эронро аз асос нодуруст хонд ва тасреҳ кард, иддаои дахолати Эрон дар интихоботи Амрико ношӣ аз навъе «таваҳҳуми ношинохта» аст.

Баҳроми Қосимӣ зимни радди иддаои бепояи ахири ниҳодҳои иттилоотӣ, қазоӣ ва амниятии давлати Амрико мабнӣ бар дахолати Эрон дар интихоботи миёндавраии он кишвар, изҳор дошт: Сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон адами мудохила дар умури дохилии дигар кишварҳо аст.

Қосимӣ хотирнишон кард, дар ҳоле ки Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико муддаӣ аст аз замони рӯйи кор омадани вай, Эрон саргарми масоили дохилии худ аст ва чунон заиф аст, ки ҳатто дигар тавони фикр кардан ба масоили минтақаиро надорад, пас чигуна аст «чунин кишваре» ба гумони онон ба худ машғул ва дарунгаро, метавонад дар интихоботи парлумонии Амрико дахолат кунад.

Дафтари мудири иттилооти миллии Амрико, Вазорати амнияти дохилӣ, Вазорати додгустарӣ ва пулиси федерали Амрико рӯзи ҷумъа дар баёнияе муштарак бидуни ишора ба ҳеҷ мустанадоте Эрон, Русия ва Чинро ба талош барои асаргузорӣ бар интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико муттаҳам карданд.

Натоиҷи назарсанҷиҳо ҳокӣ аз ин аст, ки ҷумҳурихоҳон дар ин интихобот шоҳиди шикасти сангине хоҳанд буд.

Бисёре аз коршиносон мӯътақиданд Вашингтон бо муттаҳам кардани Эрон, Чин ва Русия дар пайи тағйири нигариши мардуми Амрико барои раъй додан ба ҷумҳурихоҳон дар интихоботи ояндаи Конгресси аст.