Октябр 21, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 33 ҳазор зоири покистонии арбаъини Ҳусайнӣ (а) ба Эрон

Мудири кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Сиистон ва Балучистон (ҷанубу шарқи Эрон) гуфт: Аз шашуми сентябр то 19 октябр, беш аз 33 ҳазор зоири покистонии арбаъини Ҳусайнӣ (а) аз тариқи поёнаи марзии Мирҷова ворид Эрон шудаанд.

Алии Хонқоӣ мудири кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии Систон ва Балучистон Эрон рӯзи шанбе дар боздид аз поёнаи марзии Мирҷова афзуд, то кунун 33 ҳазору 572 зоири покистонии арбаъини Ҳусайнӣ (ъ) аз тариқи поёнаи марзии Мирҷова, вориди Эрон шудаанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи сол гузашта 28 дарсад афзоиш доштааст.

Зоирони покистонӣ дар роҳи расидан ба Карбало дар Ироқ, як шабро дар устони Сиистон ва Балучистони Эрон сипарӣ мекунанд.

Бистуми моҳи сафари 1440 ҳиҷрии қамарӣ (30 октябр 2018) арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.

Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаъини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

 

Барчасп