Кашфи дандони 42 ҳазор солаи инсон дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38905-Кашфи_дандони_42_ҳазор_солаи_инсон_дар_Эрон
Як дандони мутааллиқ ба инсони аввалия (неандертал), нахустин бор дар устони Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон кашф шуд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 21, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Кашфи дандони 42 ҳазор солаи инсон дар Эрон

Як дандони мутааллиқ ба инсони аввалия (неандертал), нахустин бор дар устони Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон кашф шуд.  

Сомони Ҳайдарии Гурон, сарпарасти як ҳайъати бостоншиносӣ дар Кирмоншоҳ гуфт: Ин нахустин бор аст, ки бақоёи як инсони аввалия ба сурати қатъӣ дар Эрон кашф мешавад.  

Ҳайдарии Гурон тасреҳ кард: Дандони кашфшуда, як дандони ширии мутааллиқ ба кӯдаке 6 сола аст, ки ба ҳамроҳи дастафзорҳои сангии марбут ба давраи поринаи сангии миёнӣ дар ковишҳои илмӣ ба даст омадааст.  

Ин бостоншинос афзуд: Ин дандон бар асоси озмоишҳо, дорои синне байни 42 то 45 ҳазор сол аст.  

Ҳайдарии Гурон бо баёни инки дандони кашфшуда дар Эрон аз ҷумлаи дандонҳои нодири ширӣ аст, гуфт: Пеш аз ин, теъдоди андаке дандони мушобеҳ дар кишварҳои Испания, Фаронса ва Олмон кашф шуда буд.