Қавли Покистон барои озодии марзбонони эронӣ
(last modified Tue, 23 Oct 2018 16:26:06 GMT )
Октябр 23, 2018 21:26 Asia/Dushanbe
  • Қавли Покистон барои озодии марзбонони эронӣ

Фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Мақомоти Покистон барои озодии марзбонони эронӣ қавли ҳамкорӣ доданд.

Генерал Муҳаммади Покпур, фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар поёни сафари якрӯза ба Покистон гуфт: Масъулон ва мақомоти низомӣ ва амниятии Покистон дар бораи озодии марзбонони эронӣ, ки дар марзи Мирҷова рабуда шудаанд, қавл доданд.  

Вай бо таъкид бар ниёз ба ҳузури бештари Покистон дар марзҳои муштарак бо Эрон афзуд: Таҳаррукоти террористӣ, ки дар марзҳо иттифоқ меафтад, бояд аз тариқи ҳамкориҳои дуҷониба дафъ шавад.

15 октябр, теъдоде аз нерӯҳои бумӣ ва ҳанги марзӣ, ки дар пойгоҳи муроқибатӣ дар нуқтаи сифри марзии Мирҷоваи ҷануби шарқи Эрон истиқрор доштанд, тавассути террористҳо рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд.