Октябр 25, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҷавонони эронӣ барои ваҳдат дар ҷаҳони Ислом

Ҷамъе аз ҷавонони Эрон бо ирсоли номае ба се забони форсӣ, арабӣ ва англисӣ аз ҷавонони ҷаҳони Ислом хостанд, барои амалӣ кардани ваҳдати воқеӣ дар ҷаҳони Ислом талош кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷавонони инқилобии Эрон дар номаи худ эълом карданд, ниёзманди дарёфти пешниҳодҳо ва назароти ҷавонони мусулмони ҷаҳон барои амалӣ кардани ваҳдат ва ҳамоҳанг шудан бо ҷавонон ва донишҷоёни ҷаҳони Ислом ҳастанд.

Ҷавонони инқилобии Эрон дар ин нома эълом карданд, ҳамафзоӣ ва иштироки зарфиятҳои фардӣ ва миллии ҷавонони мусулмон метавонад, даричаи ҷадиде аз пешрафт ва қудрати ҷаҳони Исломро дар илм ва маънавиёт ба ҷаҳониён нишон диҳад.

Ҷавонони инқилобии Эрон чолиши бузург ва ҷиддии дигарро, амнияти ҷаҳони Ислом хонданд ва эълом карданд, Амрико ва Исроил дар ғолиби терроризми ифротии такфирӣ таҳти унвони ДИИШ ва Алқоида талош мекунанд, то сиёҳнамоӣ ва исломҳаросиро ба авҷ бирасонанд ва бояд барои ҷилавгирӣ аз ин осебҳо миллатҳои мусулмон бо ҳам ваҳдат дошта бошанд.

Кумитаи байналмилалии Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷоёни мустақили саросари Эрон, ки вазифаи танзими ин номаро бар оҳда дошта, ин номаро ҳамроҳ бо як бастаи фарҳангӣ барои шуморе аз донишҷоён ва ҷавонони ҷаҳон ирсол кардааст.