Октябр 27, 2018 09:42 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Саҳюнистҳо дар пайи эҷоди ихтилоф миёни кишварҳои исломӣ ҳастанд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб изҳор дошт, режими саҳюнистӣ дар пайи эҷоди ихтилоф миёни кишварҳои исломӣ ва сарпӯш ниҳодан бар 70 соли ғасб, таҷовуз ва куштори мардуми мазлуми Фаластин аст.

Баҳроми Қосимӣ дар посух ба пурсиши хабарнигорон перомуни сафари Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими ишғолгари саҳюнистӣ ба Уммон, зимни интиқод аз ин сафар гуфт: Аз назари Эрон кишварҳои исломии минтақа набояд таҳти фишори Кохи Сафед ба режими ғосиби саҳюнистӣ фазои таҳаррук барои эҷоди ранҷҳову мушкилоти ҷадид дар минтақа диҳанд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин изҳор дошт, аз оғози даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп дар Амрико, лобии саҳюнистӣ дар Кохи Сафед беш аз пеш дар ҷиҳати манофеи ғайриқонунии режими саҳюнистӣ ва фишор бар кишварҳои исломӣ барои одисозии муносиботи дипломатӣ бо ғосибони қиблаи нахусти мусулмонон фаъол шудааст.

Қосимӣ хотирнишон кард, таърих ва таҷриба нишон медиҳад, ки ақибнишинӣ ва тан додан ба хостаҳои номашруи Амрико ва режими ғосиби саҳюнистӣ, онҳоро барои фишор ва пешравии бештар дар минтақа ва нодида гирифтани ҳуқуқи мусаллами миллати Фаластин ҷасуртар мекунад.

Хабаргузории Уммон рӯзи ҷумъа аз дидори Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бо Султон Қобус, подшоҳи Уммон дар Маскат хабар дод.

Бар асоси эъломи хабаргузории Уммон, ду тараф дар ин дидор дар бораи масоили дуҷониба ва ҳамчунин минтақаӣ, аз ҷумла пешбурди раванди "созиш" гуфтугӯ кардаанд.

Раванди созиш дар Ховари Миёна, ки дар соли 1991 бо ҳидоят ва тарроҳии Амрико ва бархе давлатҳои аврупоӣ шакл гирифт, раванди хатарнок ва печида маҳсуб мешавад, ки ҳадафаш нодида гирифтани ҳуқуқи фаластиниҳо аст.

Мардум ва гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ ҳамвора эълом кардаанд, идомаи музокироти "созиш" ҳамеша ба зиёни онҳо тамом шудааст.