Октябр 28, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Раъйи эътимоди Маҷлиси Эрон ба вазирони пешниҳодии санъат, иқтисод, кор ва роҳ

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон шанбешаб ба вазирони пешниҳодии Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тасаддии вазоратҳои «Санъат, маъдан ва тиҷорат», «Умури иқтисод ва дороӣ», «Таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ» ва «Роҳ ва шаҳрсозӣ» раъйи эътимод доданд.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Раҳмонӣ бо 203 раъйи мувофиқ, 49 раъйи мухолиф ва 13 раъйи мумтанеъ ба унвони вазири санъат, маъдан ва тиҷорат, Фарҳоди Дижписанд бо 200 раъйи мувофиқ, 50 раъйи мухолиф ва 15 раъйи мумтанеъ ба унвони вазири умури иқтисод ва дороӣ, Муҳаммади Шариатмадорӣ бо 196 раъйи мувофиқ, 63 раъйи мухолиф ва 5 раъйи мумтанеъ ба унвони вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва Муҳаммади Исломӣ бо 151 раъйи мувофиқ, 98 раъйи мухолиф ва 8 раъйи мумтанеъ ба унвони вазири роҳ ва шаҳрсозӣ интихоб шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зуҳри шанбе барои дифоъ аз вазирони пешниҳодиаш дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳузур ёфт ва суханронӣ кард.