Сентябр 11, 2016 08:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фаъолиятҳои адабии Эрон дар Русия

Фаъолиятҳои Анҷумани адабии Эрон дар Русия афзоиш меёбад.

Ҳамзамон бо баргузор шудани Намоишгоҳи китоби Маскав барномаи густариши фаъолиятҳои Анҷумани адабии Эрон дар Русия бо ҳадафи тавсеаи омӯзиши забони форсӣ, рушди равобити донишгоҳҳо, барномаҳои пажуҳишӣ дар ин ҳавза ва ҳамчунин эроншиносӣ эълом шуд. Дар вижамаросиме, ки рӯзи шанбе дар ғурфаи Эрон дар Намоишгоҳи китоби Москва баргузор шуд, фаъолиятҳои яксолаи Анҷумани адабии Эрон дар Русия бо ҳузури шуморе аз чеҳраҳои фарҳангии ду кишвар дар Маҷмаи намоишгоҳи порки ВДНХ ироа шуд.

Бар асоси барномаи кории ин анҷуман, ки бо пуштибонии ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав ва Бунёди эронишиносӣ таъсис шудааст, барномаҳои ҷадид, ҳамчунин густариши фаъолитҳо дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла баргузор шудани нишастҳо дар донишгоҳҳои Русия бо мавзӯи Эрон, ҳамчунин равобити адабии ду кишвар дар назар гирифта шудааст.

Муаррифии бештари адабиёту фарҳанги эронӣ, доир кардани курсҳои ҷадиди забони форсӣ дар донишгоҳҳои Русия, баргузор кардани нишастҳои  адабӣ ва табодули донишҷӯ байни донишгоҳҳои ду кишвар низ аз дигар барномаҳои пешбинишудаи Анҷумани адабии Эрон дар Русия эълом шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 29-умин Намоишгоҳи байналамилалии китоби Маскав ҳузур густурдае дорад ва чандин муассисаву созмони фарҳангии Эрон дар ин намоишгоҳ китобу маҳсулоти чопии худро пешниҳод кардааст. Дар намоишгоҳи имсол Маскав ношироне аз 37 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Беларусия, Куба, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин кишварҳои Осиёи Миёна, аврупоӣ ва африқоӣ ширкат доранд. Ин намоишгоҳ рӯз якшанбе ба кори худ поён хоҳад дод.

 

Барчасп