Октябр 29, 2018 12:17 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳимояти Амрико аз Арабистон ва Исроил фоҷеа офаридааст

Вазири умури хориҷии Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи CBS тасреҳ кард, ҳимояти мутлақ ва кӯркӯронаи Вашингтон аз Арабистон ва Исроил онҳоро қодир сохтааст, то фоҷеаҳое халқ кунанд, ки бидуни ҳимояти Амрика рӯй намедоданд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон имрӯз, якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CBS тасреҳ кард, гузинаҳои иштибоҳи Амрико дар минтақа, ҳамонанди ҳимоят аз Саддом ва “Алқоида” ва Толибон ба фоҷеа дар минтақаи мо мунтаҳӣ шудааст. Вазири умури хориҷии Эрон афзуд, саудиҳо ҳам тақрибан бо ҳимояти ҷамъии Амрико ба ин гуна иқдомот (қатли Хошуқҷи) даст задаанд. Зариф гуфт: “Агарчи Саддом душмани мо буд, аммо медонистем, ки таҳоҷуми Амрико ба Ироқ иштибоҳ буд ва бо ин ки Толибон душмани мо буд, медонистем, ки ҳамла ба Афғонистон иштибоҳ буд”. Вай таъкид кард: “Ҳамчунин медонем, ки ҳамла ба Яман гузинаи иштибоҳ аст, аммо Амрико мураттаб иштибоҳ мекунад; ҳоҳ дар Яман, хоҳ дар мавзӯи зиндонӣ кардани нахуствазири як кишвар ва ҳатто ҳодисаи ғамангези ахир дар Истанбул”.