Октябр 29, 2018 21:52 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани Арбаини ҳусайнӣ таслият бод

Эрони исломӣ дар шаби Арбаини ҳусайнӣ (а), 40-умин шаби шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрон бо вафои эшон, ғарқ дар мотам ва азодорӣ аст.

Сешанбеи бистуми сафари 1440 ҳиҷрии қамарӣ (30 октябри 2018), арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои  Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а), вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд. Ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон; Даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

Мардуми Эрони исломӣ имшаб дар оини 40-умин шаби шаҳодати солори шаҳидон, монанди шабу рӯзи Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ (а) бо ҳузур дар масҷидҳо, ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо(а), набераи гиромии Паёмбари Акрам дар Машҳад, ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (а) хоҳари имом Ризо дар шаҳри Қум (ҷануби Теҳрон), азодорӣ мекунанд. Дар Ироқ низ пиёдаравии миллионҳо зоир ба сӯи Карбало барои ҳузур ёфтан дар ин шаҳр дар рӯзи Арбаин идома дорад ва миллионҳо зоир низ ба Карбало расидаанд.

Дар пиёдаравии Арбаин натанҳо шиаён, ки бисёре аз аҳли суннат низ ҳузур меёбанд ва ҳатто шуморе аз масеҳиён, яҳудиён ва касоне, ки пайрави адёни иброҳимӣ нестанд, ҳам ҳар сол дар ин маросим ширкат мекунанд.