Октябр 30, 2018 17:50 Asia/Dushanbe
  • Консули Эрон: 65 ҳазор раводид барои зоирони покистонӣ содир шуд

Консули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон гуфт, дар фосилаи замонии ҳудуди 20 рӯзи ахири “Арбаин” 65 ҳазор раводиди зиёратӣ барои зоирони покистоние, ки аз тариқи Эрон озими Карбало ҳастанд, содир шудааст.

Саиди Фурқонӣ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА дар Исломобод афзуд, бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти динӣ, фарҳангӣ ва ҳамсоягии Эрону Покистон, сафорати ҷумҳурии исломӣ дар Исломобод таъмини оромиш ва осоиши зоирони “Арбаин”-и ҳусайниро ҳадаф ва сарлавҳаи иқдомоти худ дар мавзӯи судури раводиди “Арбаин” қарор дод. Фурқонӣ гуфт, бар асоси оморҳо ва бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти тақрибан шабонарӯзии бахши консулии сафорати Эрон дар Покистон ва чаҳор намояндагии дигари мустақар дар шаҳрҳои ин кишвар, мизони судури раводид барои зоирони покистонии “Арбаин”-и ҳусайнӣ тайи соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта афзоиши қобили таваҷҷуҳ доштааст.

Имрӯз, сешанбе, бистуми сафари соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ (ҳаштуми обон) “Арбаин”-и шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн, имоми сеюми шиаёни ҷаҳон ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими “Арбаин”-и ҳусайнӣ  вориди шаҳри Карбало шудаанд.

Ҳазрати Имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон даҳуми муҳаррами соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп