Сентябр 11, 2016 09:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузор шудани маросими пурфайзи дуои арафа дар саросари Эрон

Маросими пурфайзи дуои арафа рӯз якшанбе дар саросари Эрон баргузор мешавад.

Маросими дуои арафаи асри имрӯз, якшанбе, аз соати 15 ба ёди шаҳидони мазлуми ҳодисаи Мино дар гулзорҳои шаҳидон ва мусаллоҳои саросари Эрон баргузор мешавад.

Маросими дуои арафаи имсол дар Эрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки режими Оли Сауд аз вуруди зоирони эронӣ ба маносики ҳаҷ ҷилавгирӣ кардааст. Ҳоҷиёни эронӣ ҳамасола дар ин рӯз, пас аз вуруд ба сарзамини Арафот маросими бароат аз мушрикинро дар саҳрои Арафот ҳамроҳ бо замзама дуои арафа баргузор мекарданд.

Гуфтанист, соли гузашта ҳазорон тан аз зоирони  хонаи Худо, аз ҷумла садҳо зоири эронӣ, ки барои анҷоми рами ҷамарот (санг задани шайтон) озими Мино буданд, ба иллати баста шудани роҳ таҷаммӯи беш аз ҳадд ва бетадбирии масъулони Арабистон дучори ҳодиса шуданд ва ҷони худро аз даст доданд.