Гуфтугӯи Зариф бо Умронхон дар бораи марзбонони рабудашудаи эронӣ
(last modified Wed, 31 Oct 2018 13:54:20 GMT )
Октябр 31, 2018 18:54 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Зариф бо Умронхон дар бораи марзбонони рабудашудаи эронӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Исломобод бо нахуствазири Покистон дар бораи вазъияти марзбонони эронӣ, ки рабуда ва ба хоки Покистон мунтақил шудаанд, гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф ва Умронхон дар ин дидор ҳамчунин роҳкорҳои тақвияти муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Нахуствазири Покистон дар ин дидор гуфт, Исломобод аҳамияти фавқуллодае барои равобити худ бо Теҳрон қоил аст ва мо хоҳони тақвияти равобит бо Эрон дар тамоми заминаҳо ҳастем.

Зариф пеш аз дидор бо Умронхон, бо генерал Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи нерӯи заминии артиш ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон низ гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар садри ҳайати баландпоя субҳи имрӯз - чаҳоршанбе барои пайгирии вазъияти марзбонони рабудашудаи Эрон вориди Покистон шуд.

Шомгоҳи 15 октябри 2018, 12 марзбони эронӣ, ки дар нуқтаи сифри марзӣ дар минтақаи Мирҷова, дар ҷануби шарқи Эрон мустақар буданд, ба дасти гурӯҳакҳои террористӣ рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд.