Октябр 31, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Дания ба Вазорати хориҷаи Эрон

Дар пайи иттиҳомзании Копенгаген ба Теҳрон, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз эҳзори сафири Дания ба ин вазоратхона хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ гуфт, Данни Аннон, сафири Дания дар Теҳрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузур дар Вазорати умури хориҷаи Эрон, бо раиси идораи аввали умури шимоли Аврупои ин вазоратъона дидор кард ва маротиби эътирози Эрон ба вокунишҳои шитобзадаи сиёсӣ ва расонаии бархе мақомоти данияӣ ба ӯ эълом шуд.

Қосимӣ афзуд, раиси идораи аввали умури шимоли Аврупои Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин дидор муҷаддадан ахбори муғризонаи мунташиршуда зидди Эронро рад кард ва онро дар идомаи тавтеаҳои душманони Эрон барои зарба задан ба равобити хуб ва рӯ ба густариши Эрон ва Аврупо арзёбӣ кард.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, сафири Дания низ дар ин мулоқот эълом кард, ки барои порае аз машваратҳо ба Копенгаген фаро хонда шудааст ва дар Копенгаген матолиб ва интизороти тарафҳои эрониро матраҳ ва пайгирӣ хоҳад кард.

Дания асри сешанбе Теҳронро ба талош барои анҷоми як амалиёти террор дар хоки Дания муттаҳам кард ва сафири худро аз Теҳрон фаро хонд.