Октябр 31, 2018 22:26 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо миллати Афғонистон дар ҳодисаи суқути чархбол

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳодисаи суқути чархболи артиши Афғонистонро ба давлат ва миллати ин кишвар таслият гуфт ва бо хонаводаи қурбониёни он ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, имрӯз манобеи маҳаллӣ дар вилояти Фароҳ аз кушта шудани 20 нафар бар асари суқути чархболи артиши Афғонистон дар ин вилоят хабар доданд ва ин дар ҳоле аст, ки бархе манобеъ шумори куштаҳоро 25 нафар эълом кардаанд.

Ба гуфтаи Носир Меҳрӣ, сухангӯйи волии Фароҳи Афғонистон, ин чархбол аз шаҳристони Анордара, дар вилояти Фароҳ ба самти Ҳирот дар ҳаракат буд, ки ногаҳон дар минтақаи Ҷолғозӣ суқут кард.

Носир Меҳрӣ ҳамчунин афзуд, дар ин ҳодиса тамоми сарнишинон, аз ҷумла ду халабон они кушта шуданд.

Хайрмуҳаммади Наврӯзӣ, узви Шӯрои вилояти Фароҳ низ гуфт, Неъматуллоҳ Халил, муовини Сипоҳи 207 –и Зафар артиши Афғонистон, дар ғарб ва Фарид Бахтур, раиси Шӯрои ҳамоҳангии шӯроҳои вилояти Афғонистон низ дар ин ҳодиса кушта шуданд.

Дар ҳоле, ки бархе мақомоти маҳаллӣ бадии обу ҳаворо иллати ин ҳодиса эълом кардаанд, Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон иддао карда, ки ин чархбол ба дасти аъзои Толибон суқут кардааст.

Хабари дигар аз Афғонистон ин ки ҳамлаи интиҳории рӯзи чаҳоршанбе ба бузургтарин зиндони ин кишвар дар шарқи Кобул, шаш кушта ва ҳашт захмӣ барҷо гузошт.

 

Барчасп