Ноябр 01, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Моссад ба думболи хароб кардани равобити Эрон ва Аврупо аст

Вазири хориҷаи Эрон иддаоҳои Дания зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро дар чорчуби амалиёти инҳирофии Созмони ҷосусии Исроил (Моссад), арзёбӣ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф бомдоди панҷшанбе дар ҳисоби “Твиттер”-и худ дар вокуниш ба иддаоҳои зидди эронии Дания, маншаъи чунин иддаоҳоеро режими саҳюнистӣ донист ва навишт, иқдомоти инҳирофӣ ва хирасаронаи Моссад дар барафроштани «парчамҳоидурӯғин», фақат азми Эронро барои таомули созанда бо ҷаҳон тақвият мекунад.

Дания асри сешанбе Теҳронро ба талош барои анҷоми як амалиёти террор дар хоки он кишвар, муттаҳам ва сафири Эрон дар Копенгагенро эҳзор кард.

Дания ҳамчунин сафири худ дар Теҳронро барои машварат фарохонд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон чаҳоршанбешаб дар вокуниш ба ин иқдом гуфт, Амрико, режими саҳюнистӣ ва "конуни бадноми дигаре, ки имрӯз бо иттиҳомоти сангин мувоҷиҳ аст", талош мекунанд, дар чорчуби ҷанги равонӣ, ба Эрон иттиҳом бизананд ва аз ин тариқ равобити Эрон ва Иттиҳоди Аврупоро дар остонаи марҳалаи дувуми таҳримҳои Амрико, хароб кунанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи саҳюнистии “Jerusalem Post” рӯзи чаҳоршанбе аз нақши мустақими Исроил дар парвандасозии Дания зидди Эрон навишт.

Ба навиштаи ин рӯзнома, Созмони ҷосусии Исроил, иттилооти марбут ба ончӣ ин рӯзнома "талоши Эрон барои ҳамла ба як фард дар Дания" хондаро дар ихтиёри Копенгаген қарор додааст.