Ноябр 02, 2018 15:26 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Аврупо дар баробари якҷонбагароии Амрико бо Эрон ҳамкорӣ кунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ёддоште дар нашрияи «Файненшл-Таймс» аз Аврупо хост дар баробари якҷонбагароии Вашингтон бо Эрон ҳамкорӣ кунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ бо баёни инки рафтори давлати Амрико суботи байналмилалиро ба хатар меандозад, навишт: Ҳамкории миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Аврупо манофеи тӯлонимуддати ду тарафро таъмин хоҳад кард ва зомини сулҳу суботи байналмилалӣ хоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ёддошт бо таъкид бар инки рӯйкарди Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар қиболи масоили тиҷорӣ, муоҳидоти байналмилалӣ ва ҳатто муттаҳидони Амрико, назми ҷаҳониро бо чолишҳои ҷадиде мувоҷеҳ кардааст, афзуд, сиёсати якҷонбагароӣ, табъизи нажодӣ, мусалмонситезӣ ва тазъифи муоҳидоти муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла муоҳидаи тағйироти иқлимӣ, ки тавассути давлати феълии Амрико дунбол мешавад, аз асос бо рӯйкарди чандҷонибагароӣ ва дигар назароти сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки Аврупо онро дунбол мекунад, дар тазод аст.

Руҳонӣ дар идома хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ-ро намунаи дигаре аз авомили тазод дар равобити Аврупо ва Амрико баршумурд ва гуфт: БАРҶОМ маҳсули ду соли музокироти фишурдаи Эрон ва шаш кишвари дигар, аз ҷумла се кишвари аврупоӣ аст ва иқдоми мутахаллифонаи Амрико дар хуруҷ аз БАРҶОМ нақзи қатъномаи 2231 Шӯрои амният аст.

Руҳонӣ афзуд: Амрико бо ин иқдом дар воқеъ кишварҳои дигарро таҳдид мекунад, ки дар сурати иҷрои қатъномаи 2231 муҷозот хоҳанд шуд ва ин чизе нест ҷуз тамасхури мусавваботи байналмилалӣ ва боҷхоҳӣ аз иҷрокунандагони он.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, акнун зарурӣ аст тарафҳои аврупоӣ ба ҳамроҳи Русия ва Чин, пеш аз эъмоли таҳримҳои якҷонба ва фаромарзии ҷадиди Амрико дар 4 ноябр, бастаи ниҳоии худро, ки мебояд таҳримҳои Вашингтонро ҷуброн кунад, ироа ва иҷроӣ кунанд.