Ноябр 03, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Гомҳои ниҳоии Аврупо барои эҷоди созукори молии мустақил бо Эрон

Бо эъломи даври ҷадиди таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ки қарор аст, аз бомдоди 5 ноябр иҷроӣ шавад ва шомили таҳримҳои нафтӣ, бонкӣ ва киштиронӣ алайҳи Эрон мешавад, Аврупо бо судури баёнияе бар пешрафти қобили таваҷҷуҳ бар эҷоди созукори молии мустақил бо Эрон таъкид кард. Эҷоди ин созукор дар ростои талошҳои Аврупо барои тадовуми ҳузури Эрон дар БарҶОМ сурат мегирад.

Давлати Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард, тамоми таҳримҳо алайҳи Эрон, ки ба муҷиби БарҶОМ рафъ шуда буданд, аз рӯзи душанбеи оянда иҷроӣ хоҳад шуд. Ин эъломия тавассути Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ, Стивен Мнучин, вазири молияи Амрико эълом шудааст.

Ин иқдоми Вашингтон вокуниши шадиди Аврупоро ба дунбол доштааст. Федерико Мугарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва вузарои хориҷию дороии кишварҳои Бритониё, Фаронса ва Олмон дар баёнияи муштараке аз тасмими Вашингтон барои эҳёи таҳримҳои зиддиэронӣ баъд аз хурӯҷ аз БарҶОМ амиқан ибрози таассуф карданд. Намояндагони кишварҳои аврупоӣ бо тавсифи БарҶОМ ба унвони яке аз аносири калидии низоми манъи густариш ва чандҷонибагароии ин тавофуқро коромад хонданд. Дар воқеъ, далели ин иддаои аврупоиҳо гузоришҳои мутааддиди Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аст, ки пойбандии Эрон ба тамоми тааҳҳудоташ дар робита БарҶОМ-ро таъйид кардааст. Дар ин марҳалаи ҳассос интизори аврупоиҳо ин аст, ки Эрон монанди гузашта ба тааҳҳудоташ дар чорчӯби БарҶОМ пойбанд бимонад. Бо ин ҳол, Теҳрон таъкид карда, ки то замоне ба иҷрои БарҶОМ мутааҳҳид мемонад, ки манофеи мадди назараш, бавижа коҳиши таъсири таҳримҳои ғайриқонунии Амрико ҳосил шавад. Дар айни ҳол аврупоиҳо бар азми худ барои кумак ба Эрон барои идомаи содироти нафту газ, ки аз хостаҳои аслии Теҳрон аст, таъкид кардаанд.

Дар баёнияи Аврупо омадааст: «Ба унвони тарафҳои БарҶОМ мо ба кори рӯйи ҳифозат аз каналҳои молии миёни худ ва Эрон ва ҳифзи содироти нафту гази ин кишвар мутааҳҳидем”. Аврупо қарор аст, дар ин заминаҳо ҳамчун дигар умур бо Русия ва Чин, ки дигар тарафҳои БарҶОМ ҳастанд ва бо кишварҳои солисе, ки ба ҳимоят аз БарҶОМ алоқаманд ҳастанд, ҳамкорӣ кунад. Ин талошҳо дар ҳафтаҳои ахир шиддат ёфтааст, бавижа талошҳои муртабит бо эҷоди заминаи лозим барои иҷроӣ шудани ибтикори амали Аврупо дар хусуси эҷоди созукори молии вижаи мавсум ба SPV, ки эҷоди он дар дасти иқдом аст. Ин созукор имкони идомаи таълиқи таҳримҳои Эрон ва идомаи кори туҷҷор ва ширкатҳои аврупоӣ дар заминаи тиҷорат бо Эронро муяссар хоҳад кард. Ба гуфтаи Брюно Ле Мэр, вазири дороии Фаронса, “натиҷаи буҳрони Эрон фурсате барои Аврупо хоҳад буд, то ниҳодҳои молии мустақили худашонро эҷод кунанд, то битавонем бо ҳар касе, ки мехоҳем, тиҷорат кунем». Аз дидгоҳи мақомоти аршад ва афкори умумии аврупоӣ, на фақат таҷдиди таҳримҳои ҳастаии Амрико алайҳи Эрон ғайриқонунӣ аст, балки таҳримҳои якҷонба ва фаросарзаминии Амрико алайҳи дигар кишварҳо ва ширкатҳо ғайриқонунӣ буда ва сирфан мӯҷиби густариши бесуботии молӣ ва тиҷорӣ дар ҷаҳон мешавад.

Амрикоиҳо бо ночиз ангоштан ва беаҳамият қаламдод кардани иқдомоти Аврупо барои ҳифзи БарҶОМ, монанди иҷрои қонуни масдудсозӣ ва ироаи созукоре барои тадовуми таомулоти тиҷорӣ ва молию энержӣ бо Эрон вонамуд мекунанд, ки аҳамияте барои ин тадобир қоил нестанд. Ин масъала лузуми вокунишҳои ҷиддитар ва муҳкамтари Аврупо дар баробари иқдомоти якҷонибагароёна ва қулдурмаобонаи Трампро беш аз пеш ошкор месозад. Иқдомоти Аврупо бояд ба гунаи ҷиддӣ ва муассир бошад, ки Эронро ташвиқ ба идомаи ҳузур дар БарҶОМ намояд.

 

Барчасп