Вокуниши сенатори рус ба бозгашти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39192-Вокуниши_сенатори_рус_ба_бозгашти_таҳримҳои_Амрико_алайҳи_Эрон
Мақоми парлумонии Русия бо ишора ба бозгашти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон гуфт, ки Амрико бо ин гуна рафторҳо ба қудрати ғайриқобили эътимод табдил шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 03, 2018 15:12 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сенатори рус ба бозгашти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон

Мақоми парлумонии Русия бо ишора ба бозгашти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон гуфт, ки Амрико бо ин гуна рафторҳо ба қудрати ғайриқобили эътимод табдил шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Новости”, Алексей Пушков, раиси Комиссияи сиёсати иттилоотии Шӯрои Федератсияи аенати Русия афзуд, Амрико нишон дода, ки ҳозир аст дар ҳар лаҳза ҳар тавофуқи байналмилалиро нодида бигирад, ки ин масъала Иёлоти Муттаҳидаро ба қудрати ғайриқобили пешбинӣ ва ғайриқобили эътимод табдил кардааст.

Пушков дар сафҳаи Твиттери худ навишт: “Давлати Доналд Трамп аз бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон хабар додааст, ки ин таҳримҳо пас аз бастани тавофуқ ҳастаӣ бо Теҳрон дар соли 2015 бекор шуда буданд. Ин баҳое аст, ки имзои ҳар тавофуқе бо Амрико дар бар дорад”.

Давлати Амрико рӯзи ҷумъа бозгашти таҳримҳои ҳастаии Эронро аз 5 ноябр эълом кард.

Ҳамзамон вазирони хориҷа ва дороии Олмон, Британия ва Фаронса ба ҳамроҳи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе муштарак аз пешрафти чашмгири созукори молии вижаи ин иттиҳодия барои ҳифзи равобити тиҷорӣ ва бонкии худ бо Эрон дар шароити таҳрим хабар доданд.

Александр Новак, вазири энержии Русия ҳам рӯзи ҷумъа гуфт, Маскав тарсе аз Вашингтон надорад ва бо вуҷуди таҳримҳои нафтии Амрико алайҳи Эрон аз 4 ноябр, ба тиҷорати нафти хом бо Теҳрон идома хоҳад дод.