Ноябр 03, 2018 17:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Нишонаҳои заволи қудрати Амрико ошкор шудааст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баёни ин ки уфул(завол)-и Амрико ба воқеияти мавриди иҷмо(ҷамъ)-и соҳибназарони мӯътабари ҷаҳон табдил шудааст, таъкид карданд, миллати Эрон бо ангеза, рӯҳия ва кору талоши ҷавонони азизаш, ояндаи дурахшон ва ба маротиб беҳтарро дар пеш дорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (шанбе) дар остонаи 13 обон(3 ноябр), ки дар тақвими Эрон, Рӯзи миллии мубориза бо истикбор ном гирифта, дар дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзон ва донишҷӯён, ба шикасти Амрико дар таҳаққуқи тавтеаҳои 40 соли ахири худ алайҳи Эрон, ишора карданд ва гуфтанд, тасхири лонаи ҷосуси(сафорат)-и Амрико ба дасти донишҷӯён, силии миллати Эрон ба Амрико буд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба изъони бисёре аз сиёсиён ва ҷомеашиносони мӯътабари ҷаҳон мабни бар фарсуда шудан ва аз байн рафтани «қудрати нарм»-и Амрико афзуданд, қудрати нарми Амрико ба маънои «иқноъ(ризоят-қаноат) ва қабулондани назари худ ба кишварҳои дигар», акнун дар заифтарин мавқеияти мумкин қарор дорад ва аз замони рӯи кор омадани раисиҷумҳури феълии Амрико, натанҳо миллатҳо, балки давлатҳои Аврупо, Чин, Русия, Ҳинд, Африқо ва Амрикои Лотин низ бо тасмимҳои Амрико сароҳатан мухолифат мекунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ба воқеияти уфул(нобудӣ,ғуруб, завол)-и Амрико гуфтанд, касоне, ки ба пуштибонии Амрико ҳозиранд масъалаи Фаластинро ба куллӣ ба фаромӯшӣ бисупоранд, мутаваҷҷеҳ бошанд, ки Амрико ҳатто дар минтақаи худаш ҳам рӯ ба завол аст, аммо миллатҳои ин минтақа ва ҳақоиқи он, зинда ва побарҷо ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ, ҳадафи Амрикоро аз ҷанг ва таҳрими иқтисодӣ дар 40 соли гузашта, фалаҷ кардан ва ақиб нигоҳ доштани Эрон донистанд ва тасреҳ карданд, дар ҷанги иқтисодӣ низ ончӣ иттифоқ афтода, бар хилофи хости Амрико аст, зеро ҳаракат ба самти худкафоӣ ва тавлид дар дохил, суръат гирифта ва имрӯз садҳо гурӯҳи фаъол аз ҷавонони хушфикри донишгоҳӣ, машғули фаъолият ва корҳои муҳим дар кишвар ҳастанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба ин савол, ки истодагӣ ва душмании миллати Эрон бо Амрико то чӣ замоне идома хоҳад дошт, афзуданд, вақте Амрико сайтараҷӯии худро канор бигузорад, мешавад бо ӯ монанди дигар кишварҳо таомул кард, аммо ин масъала баид аст, чун зоти истикбор, султаҷӯӣ ва сайтараталабӣ аст.

Эшон ҳамчунин таъкид карданд, имрӯз танҳо кишваре, ки Амрико кӯчактарин нақше дар тасмимоти он надорад, Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва ин ба маънои шикасти Амрико аст.