Ноябр 04, 2018 11:55 Asia/Dushanbe
  • 13 обон: Намоди муқовимат ва пирӯзии миллати Эрон муқобили истикбори ҷаҳонӣ

Имрӯз якшанбе сездаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2018), Рӯзи миллии «мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ», дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

39 сол пеш дар чунин рӯзе (сездаҳуми обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ- чаҳорум ноябри 1979), донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои мутааддиди Амрико зидди инқилоби исломии Эрон, сафорати Амрико дар Теҳронро, ки аз он замон ба лонаи ҷосусӣ машҳур шудааст, тасхир карданд.

Мардуми Эрони исломӣ ҳар сол бо гиромидошти ин рӯз дар роҳпаймоии саросарӣ ва пуршӯр, ваҳдати миллӣ ва инсиҷоми исломии худро намоиш медиҳанд ва паёми инқилоби исломӣ яъне «истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии исломӣ» ва истикборситезиро фарёд мезананд.

13 обон ҳамчунин ёдовари ду рӯйдоди муҳимми дигар дар таърихи инқилоби исломӣ Эрон аст.

Ин рӯйдодҳо шомили «солрӯзи табъиди ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Туркия (13 обони соли 1343 ҳиҷрии шамсӣ - чаҳоруми ноябри 1964)» ва «куштори донишомӯзон аз сӯи режими Паҳлавӣ (13 обони 1357 – чаҳоруми ноябри 1978 - рӯзи донишомӯз)» ҳар як нуқтаи атфе дар раванди истикборситезии миллати Эрон аст.

Аҳзоб, органҳо, ҷамъиятҳо ва ташаккулҳои сиёсӣ, рӯзи шанбе бо судури баёнияҳои ҷудогона, мардуми Эрони исломиро ба ҳузури пуршӯр дар роҳпаймоии явмуллоҳи сездаҳи обон даъват карданд.