Ноябр 04, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Навохта шудани занги истикборситезӣ дар мадориси Эрони исломӣ

Занги истикборситезӣ субҳи имрӯз (якшанбе) ҳамзамон бо 13 обон, рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар мадориси саросари Эрон навохта шуд.

Ба гузориши ИРНА, донишомӯзони эронӣ дар ин маросими намодин бо шиорҳои зидди истикбор, рӯзи 13 обонро гиромӣ доштанд.

Ҳамчунин маросими бошукӯҳи Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ имрӯз дар саросар Эрон баргузор мешавад.

Имрӯз сездаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2018), Рӯзи миллии «мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

39 сол пеш дар чунин рӯзе (сездаҳуми обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ-чаҳоруми ноябри 1979), донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои мутааддиди Амрико зидди Инқилоби Исломии Эрон, сафорати Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.