Ноябр 04, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
  • Вашингтон пост: Амрико аз қудрати низомии Эрон метарсад

Рӯзномаи Вашингтон пост дар гузорише бо ишора ба ақибнишини Амрико аз Халиҷи Форс дар моҳҳои гузашта навишт, мақомҳои ин кишвар нигарони тавоноииҳои низомии рӯ ба густариши Эрон ҳастанд.

Ба гузориши якшанбеи Вашингтон пост, нигарониҳои мақомҳои Амрикоӣ аз бобати тасмими Вазорати дифои Амрико (Петагон) барои интиқоли киштиҳо, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва сомонаҳои дифои мушакӣ ба хориҷ аз минтақа, бо наздик шудан ба замони бозгашти таҳримҳо зиди Эрон дар ҳавзаи энержӣ, шиддат ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, бо тағйири авлавиятҳои амнияти миллии Амрико дар давлати Трамп ва таваҷҷуҳи Кохи Сафед ба рақобати низомӣ бо Чин ва Русия, нақшофарини Амрико дар Ховари Миёна камранг шудааст.

Пеш аз ин рӯзномаи Уолстрит журнал низ дар гузорише мушобеҳ, аз ақибнишинии неруҳои амрикоӣ аз минтақа, бо вуҷуди лофзаниҳои  мақомҳои Вашингтон хабар дода буд.

 

Барчасп