Ноябр 04, 2018 20:24 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби роҳпаймоии 13 обони Эрон дар расонаҳои ҷаҳон

Роҳпаймоии рӯзи миллии "Муборза бо истикбори ҷаҳонӣ", дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби густурдае дошт.

Якшанбе сездаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2018) рӯз миллии "Муборза бо истикбори ҷаҳонӣ" дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Маросими роҳпаймоии рӯзи "Муборза бо истикбори ҷаҳонӣ" ҳамзамон дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон бо ҳузури густурдаи мардум, донишҷӯён ва масъулон баргузор шуд.

Хабаргузории Ассошиэйтедпресс дар гузорише эълом кард: Мардуми Эрон дар маросими роҳпаймоии 13 обон шиори «Марг бар Амрико» ва «Марг бар Исроил» сар доданд,  ин дар ҳоле аст, ки Вашингтон таҳримҳои зидди Эронро пас аз хуруҷи якҷонба аз БАРҶОМ, дигарбра ҷорӣ кардааст.

Шабакаи телевизионии «CNN» ҳам дар бозтоби роҳпаймоии зиддиистикбории 13 обон гузориш дод: Дар остонаи азсаргирии таҳримҳои Амрико зидди Эрон, мардуми ин кишвар бо ҳузур назди сафорати собиқи Амрико дар Теҳрон, тазоҳуроти зиддиамрикоӣ баргузор карданд.

Хабаргузории Спутники Русия низ гузориш дод: Ҳазорон эронӣ чаҳоруми ноябр ба хиёбонҳо омаданд то сивунуҳумин солгарди тасхири сафорати Амрикоро гиромӣ бадоранд.

Рейтер бозтоби роҳпаймоии сездаҳи обон дар Эронро ба суханони сардор Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ихтисос дод.

Хабаргузори Синхуаи Чин гузориш дод: Эрониён дар роҳпаймоии рӯзи мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ, зидди Амрико ва муттаҳидони минтақаии он, аз ҷумла Исроил шиорҳо сар доданд.

Шабакаҳои телевизионии Алмёдини Лубнон, Алҷазираи Қатар ва Франс-24 ҳам бахшҳое аз роҳпаймоии сездаҳуми обон дар Теҳронро ба таври мустақим пахш карданд.

Роҳпаймоии рӯзи милли мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Эрон, имсол бо азсаргирии таҳримҳои Вашингтон зидди Теҳрон ҳамзамон шуд.