Ноябр 05, 2018 22:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон барои муқобилаи ҷаҳонӣ бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо ирсоли номае ба дабири кулли ин созмон, хостори маҳкум кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико алайҳи мардуми Эрон ва муқобила бо онҳо шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломалӣ Хушрӯ рӯзи душанбе дар номаи худ ба Антониу Гутерреш, ба таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико зидди Эрон, ишора кард ва иқдоми СММ ва аъзои ҷомеаи байналмилалиро барои муқобила бо ин таҳримҳо хостор шуд.

Намояндаи доими Эрон дар СММ ҳамчунин иқдоми Амрикоро хилофи муқаррароти байналмилалӣ донист ва афзуд, ин таҳримҳо ғайриқонунӣ, муғойр бо усули шинохта шуда дар Маншури Милали муттаҳид ҳамчун баробарии ҳокимияти давлатҳо, адами мудохила дар умури дохилии давлатҳои узв ва озодии рафту омад ва тиҷорати байналмилалӣ аст.

Вай, ҳамчунин таҳримҳои Амрикоро муғойр раъйи Девони байналмилалии додгустарӣ донист ва изҳор кард, Амрико натанҳо ошкоро дар муқобили қатъномаи 2231 Шӯрои амният истода, балки бешармона ба дигар давлатҳо фишор ворид мекунад, то он қатъномаро нақз кунанд.

Намояндаи доими Эрон дар СММ, таъкид кард, ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба ин иқдоми ғайриқонунӣ ва ғайри инсонии Амрико посухи маҳкаме бидиҳанд ва аз ҳокимияти қонун ва чандҷонибагароӣ ҳимоят кунанд.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи душанбе 5 ноябр бо ҳадафи бозгардондани таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷониба зидди Эрон, беш аз 700 фард ва ширкати эрониро ба феҳрасти таҳримҳои худ афзуд.