Вокуниши Зариф ба иштибоҳи Амрико дар таҳримҳои зиддиэронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39275-Вокуниши_Зариф_ба_иштибоҳи_Амрико_дар_таҳримҳои_зиддиэронӣ
Гоф (лофу газоф) - и Вашингтон дар таҳрими як киштии ғарқшуда ва як бонки таътилшудаи эронӣ мояи тамасхури давлати Трамп дар миёни корбарони эронӣ ва ғарбии шабакаҳои иҷтимоӣ шуд ва вокуниши вазири хориҷаи Эронро низ дар пай дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 06, 2018 14:30 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба иштибоҳи Амрико дар таҳримҳои зиддиэронӣ

Гоф (лофу газоф) - и Вашингтон дар таҳрими як киштии ғарқшуда ва як бонки таътилшудаи эронӣ мояи тамасхури давлати Трамп дар миёни корбарони эронӣ ва ғарбии шабакаҳои иҷтимоӣ шуд ва вокуниши вазири хориҷаи Эронро низ дар пай дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар вокуниш ба ин гофи Амрико дар ҳисоби Твиттери худ навишт: “Амрико дар як амалиёти равонӣ аз сари дармондагӣ барои пур нишон додани феҳристи ширкатҳои таҳримшуда, ки ҳадаф қарор гирифтани мардуми одӣ дар ин таҳримҳоро низ исбот мекунад, бонкеро, ки шаш сол пеш таътил шуда ва киштиеро, ки соли гузашта (шамсӣ) ғарқ шуд, дар феҳристи таҳримҳо қарор додааст”.

Яке аз киштиҳое, ки давлати Амрико дар феҳристи таҳримҳо қарор дода, нафткаши Сончӣ аст, ки 6 январи 2018 бар асари бархурд бо як киштии чинӣ дар соҳилҳои Чин ғарқ шуд.

Номи бонки Тот ҳам, ки шаш соли пеш таътил шудааст, дар ин феҳрист қарор дорад.

Нашрияи амрикои “Нюз виик”, ки назари як сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрикоро дар бораи посухи Зариф ба гофи Вашингтон ҷӯё шуда буд навишт: “Сухангӯ гуфт: “Мо қасд надорем ба ҳар изҳори назари умумии мақомоти эронӣ вокуниш нишон диҳем”.

“Нюз виик” дар идома навишт, мақомоти хазонадории Амрико низ ҳозир нашуданд ба саволи мо дар ин замина ошкор посух диҳанд.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи душанбе номи 700 фард, ширкат, бонк, ҳавопаймо ва киштии эрониро ба феҳристи таҳримҳояш изофа кард.