Номаи Эрон ба СММ: Зарурати муқобила бо таҳримҳои ғайриқонунии Амрико
(last modified Tue, 06 Nov 2018 09:53:44 GMT )
Ноябр 06, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба СММ: Зарурати муқобила бо таҳримҳои ғайриқонунии Амрико

Амрико рӯзи душанбе (5 –уми ноябр) бо ҳадафи бозгардонидани таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷониба зидди Эрон, беш аз 700 фард ва ширкати эрониро дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дод.

Стивен Мнучин, вазири хазонадории Амрико ҳамзамон бо иҷрои таҳримҳо алайҳи Эрон муддаӣ шуд, таҳримҳои ҷадид Эронро маҷбур ба имзои тавофуқи ҳастаии ҷадид хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси эъломи Вазорати хазонадории Амрико, 8 кишвар (Чин, Ҳинд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Туркия, Юнон, Италия ва Тайван) ҳамчунон метавонанд ба воридоти нафт аз Эрон идома диҳанд.

Ғуломалӣ Хушрӯ, намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба эъмоли таҳримҳои ғайриқонунии Амрико, бо ирсоли номае ба дабири кулли ин созмон, хостори маҳкум кардани таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи мардуми Эрон ва муқобила бо онҳо шуд.

Ғуломалӣ Хушрӯ дар номаи худ ба Антониу Гутерреш таъкид кард, ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба ин иқдоми ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии Амрико посухи муҳкаме бидиҳанд ва аз ҳокимияти қонун ва чандҷонибагароӣ ҳимоят кунанд.

Бар асоси баёнияи Вазорати хазонадории Амрико, 50 бонки эронӣ, шӯъбаҳои дохилӣ ва хориҷии онҳо, беш аз 200 фард, киштиҳои фаъол дар бахши киштиронӣ ва энержӣ, ширкати ҳавопаймоии “Эрон - Эйр” (Ҳумо) ва 65 ҳавопаймои мутааллиқ ба он дар ин феҳрист қарор доранд.

Таҳримҳои Амрико муғойири Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ва бар хилофи раъйи Девони Байналмилалии Додгустарӣ аст. Амрико на танҳо ошкоро дар муқобили Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амният истодааст, балки бешармона ба дигар давлатҳо фишор ворид мекунад то он қатъномаро нақз кунанд.

Алии Хуррам, устоди донишгоҳ дар бораи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон аз манзари ҳуқуқи байналмилал мегӯяд: “Таҳримҳои Доналд Трамп таҳримҳои ғайримуҷоз, ғайриқонунӣ ва зиддиинсонӣ аст. Дар давраи Ҷорв Буш, ӯ ин корро бар асоси мусавваботи Шӯрои амнияти Созмони Милал анҷом дода буд, вале Доналд Трамп медонад, ки чунин ҷойгоҳе вуҷуд надорад ва ҳеҷ кас аз ӯ ҳимоят намекунад ва ба ҳамин далел навъи таҳримҳояш ба унвони таҳримҳои якҷониба ва фароқонунӣ талаққӣ мешавад ва ҳеҷ мабное надорад”.

Пеш аз эъмоли ин таҳримҳо, Идрис Алҷазоирӣ, гузоришгари вижаи Созмони Милал иқдомоти зиддиэронии Трампро ноодилона ва зиёнбор донист ва гуфт, эъмоли муҷаддади таҳримҳо бар зидди Эрон пас аз хуруҷи якҷониба аз БарҶом, ки Шӯрои амният онро бо иҷмоъ ва бо ҳимояти Вашингтон тасвиб кард, мизони ғайриқонунӣ будани ин иқдомот (таҳримҳо) -ро нишон медиҳад.

Бисёре аз кишварҳо дар эъмоли таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон бо Амрико ҳамроҳӣ намекунанд. Судури баёнияи Иттиҳоди Аврупо дар хусуси талош барои ҳифозат аз кунишгарони иқтисодии Аврупо ва ҳамчунин изҳороти Александр Новак, вазири энержии Русия дар бораи азми Маскав барои густариши тиҷорати нафт бо Эрон танҳо як сӯйи моҷарост.

Зургӯии Амрико ва иқдомоти хасмонаи он масъалае ҷиддӣ ва фаротар аз масъалае байни Эрон ва Амрикост. Масъалаи муҳимтар бар сари қонуншиканӣ ва зери по гузоштани тааҳҳудоти байналмилалӣ аст, ки Амрико дар давраи Трамп ин бадаҳдиро ба рекорди тозае расонидааст. Рафтори Амрико ҷаҳонро ба саҳнаи ҷанги иқтисодӣ табдил хоҳад кард. Акнун афкори умумӣ мутаваҷҷеҳи рӯйкарди ғайримашруъ ва ғайриқонунии давлати Амрико шудааст. Аммо бояд дид, ин вокунишҳо чӣ замон ба амалгароӣ табдил хоҳад шуд. Азсаргирии таҳримҳои Эрон нишон дод, ки Вашингтон наметавонад бо созукорҳои байналмилалӣ кор кунад ва ин ҳамон нуктаи муҳиме аст, ки дар номаи намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал ба дабири кулли Созмони Милал баён шудааст.