Ноябр 06, 2018 15:14 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли марзбонони рабудашудаи эронӣ ба наздикии марзи Покистон ва Афғонистон

Раиси маҷмаи намояндагони устони Сиистон ва Балучистон дар маҷлиси Эрон гуфт: Марзбонони рабудашудаи эронӣ ба бахшҳое аз хоки Покистон мунтақил шудаанд, ки давлати Исломобод тасаллуте бар он надорад.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилорасонии Маҷлиси Эрон, Муҳаммаднаими Аминифард дар тавзеҳи охирин ахбор ва иттилоот аз марзбонони рабудашуда дар Мирҷова гуфт: Иттилооте ба мо расида, ки марзбонон ба наздики марзи Афғонистон мунтақил шуданд ва дар навоҳии марзии Покистон ва Афғонистон ҳастанд, ки хоки Покистон маҳсуб мешавад, аммо давлати марказӣ тасаллуте ба ин манотиқ надорад.

Вай афзуд: Вазъияти марзбонони рабудашуда аз роҳҳои расмӣ, яъне Вазорати умури хориҷа, Вазорати кишвар ва марзбонӣ дар болотарин сатҳ дунбол шуда ва аз сӯи дигар, мӯътамадони маҳаллӣ, ақвом ва тавоиф ҳам мавзӯъро пайгирӣ мекунанд.

Аминифард бо таъкид бар ин, ки марзбонони эронии рабудашуда дар хоки Покистон ҳастанд, афзуд: Мақомоти покистонӣ ваъдаи пайгирии ин мавзӯъро доданд, аммо давлати Исломобод расман масъулияти ин ҳодисаро напазируфтааст ва ҳамчунон пофишорӣ мекунад, ки ин марзбонон дар хоки Покистон нестанд, ё давлат наметавонад коре анҷом диҳад.

Шомгоҳи 15 октябри 2018, 12 марзбони эронӣ, ки дар нуқтаи сифри марзӣ дар минтақаи Мирҷова дар ҷанубу шарқи Эрон мустақар буданд, ба дасти гурӯҳакҳои террористӣ рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд.