Ноябр 06, 2018 22:17 Asia/Dushanbe
  • Таслияти мусибати реҳлати Паёмбари Акрам (с) ва Имом Ҳасани Муҷтабо (а)

Фардо 28-уми моҳи сафар, солрӯзи реҳлати ҷонсӯзи Расули гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва набераи бузургавораш имом Ҳасани Муҷтабо (а) аст.

Замину замон ҳамнола бо ҷаҳони Ислом, дар азои ягона гавҳари офариниш ва набераи мазлумаш, мотамзада ва андӯҳгин аст.

Ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) дар рӯзи 28 сафари соли ёздаҳуми ҳиҷрат дар сини 63 солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ бастанд ва оламе азодори ин мусибати бузург шуд.

Сайиди ҷавонони аҳли биҳишт имом Ҳасан ибни Алӣ (а), ки нахустин фарзанди ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Заҳро (а) ва аввалин набераи Расули Худо (с) ҳастанд низ дар 28 сафари соли 50 ҳиҷрӣ дар сини 47 солагӣ бадасти ҳамсарашон масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

Мардуми Эрони исломӣ дар ин ду азои бузург бо барпоии маҳфилҳои мазҳабӣ ва маросими синазанӣ ва навҳахонӣ ба остони баланди ҳазрати Хотамуланбиё ва хонадони покизаи эшон ибрози адаб ва иродот мекунанд.

Радио тоҷикии Садои Хуросон низ солрӯзи реҳлати андӯҳбори Паёмбари хотам (с) ва набераи арҷманди эшон, имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯяд.